Тозакунӣ - Philips AVENT SCF291 User Manual

Hide thumbs Also See for AVENT SCF291:
Table of Contents

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 1
7
Шишаҳо ва чизҳои дигарро аз сабад берун бароред. Барои баровардани
чизҳои хурд аз анбӯр истифода баред.
Боэҳтиёт бошед. Чизҳои тамизшуда ҳанӯз ҳам гарм хоҳад буд.
Шарҳ: Мутмаин шавед, ки пеш аз он ки ба чизҳои тамизшуда расед, дастҳои
худро топ-тоза шӯед.
8
Дастгоҳро ҷудо кунед ва то пурра хунук шудани дастгоҳ интизор шавед.
9
Сабади хурд ва сабади калонро ҷудо кунед.
Шарҳ: Вақте ки шумо сабади калонро ҷудо мекунед, ба оби боқимонда дар
табақчаи пойгоҳ барои ҷамъкунии қатраҳо диққати худро ҷалб намоед.
Шарҳ: Табақчаи ҷамъкунии қатраҳо барои ҷамъ кардани шир ё бақияи ғизо
пешбинӣ шудааст ва гузоштани боқимондаҳо ба обанбори пойгоҳ имкон
намедиҳад. Ин самаранокии тамизкуниро беҳтар мекунад ва тозакунии унсури
гармдиҳиро осон мекунад.
10
Сатҳи поёнро аз сабади калон ҷудо намоед. Оби боқимондаро аз табақчаи
ҷамъкунии қатраҳои сабади калон резед (ба қисмати «Тозакунӣ» нигаред).
11
Оби боқимондаро аз обанбор резед ва онро тоза карда, хушк кунед.
Шарҳ: Пас аз як давраи тамизкунӣ дастгоҳ ба муддати 10 дақиқа кор намекунад.
Он бояд аввал хунук шавад.
Тозакунӣ
Барои тоза кардани ин дастгоҳ аз воситаҳои тозакунии пурзӯр ё моеъҳои пурзӯр
(масалан, сафедӣ/белизна) ё исфанҷи суфтакунӣ истифода набаред.
Ҳеҷ гоҳ пойгоҳ ва сими барқро ба об ё ягон моеъи дигар ғарқ накунед.
Шарҳ: Дастгоҳи тамизкунанда барои шустан дар мошини зарфшӯӣ пешбинӣ
нашудааст. Сабадҳо, сатҳи поён ва сарпӯш метавонанд бо оби гарм ва моеъи
зарфшӯӣ тоза карда шаванд.
1
Ҳамеша дастгоҳро аз барқ ҷудо кунед ва пеш аз тоза кардан онро хунук
кунед.
2
Пойгоҳро бо матои тар тоза кунед.
3
Сатҳи поёнро аз сабади калон ҷудо намоед.
Оби боқимондаро аз табақчаи ҷамъкунии қатраҳои сабади калон резед.
Шарҳ: Пас аз ҳар давраи тамизкунӣ об дар табақчаи ҷамъкунии қатраҳои
сабади калон ҷамъ мешавад. Пас аз ҳар истифода оби боқимондаро аз сабади
калон резед.
- Тоҷикӣ 124 -

Advertisement

Table of Contents
loading

Table of Contents